Ҳама роҳҳо ба сӯи «Анор» мебаранд
ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамагӣ дар як сол оператори ҷавони мобилии “Анор” тавонист мақоми устуворро соҳиб шуда, сазовори эҳтироми муштариён гардад. Хизматрасонии ширкат дар тамоми мамлакат дастрас аст: дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Мо дар байни ҷомеа пурсиш гузаронида, сабаби маъруф гардидани ин ширкатро дар чунин муддати кӯтоҳ муайян намудем.
Умар Исмоилов, фурӯшандаи либоси мардона:
— Ман дар гурӯҳҳо молҳоямро мегузорам, интернети мобилиро зиёд истифода мебарам. Тарофаҳои “Анор” мувофиқ ва аз ҷиҳати нархҳо дастрас мебошанд, барои ман ин хеле хуб аст. Бо 50 сомонӣ ман зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва интернети бемаҳдуди шабона дастрас мекунам. Инчунин хеле писанд аст, ки рақамро ман худ интихоб карда метавонаму дар баробари ин хизматрасонии бурдарасонии SIM-кортҳо дар Душанбе мавҷуд мебошад.
Зарина Комилова, сокини Хуҷанд:
— SIM-корти “Анор”-ро ҳамон вақте дастрас кардам, ки дар вилояти Суғд иқдом ҷараён дошт: ним сол метавонистам барои тарофа ҳамагӣ 25 сомонӣ маблағ пардохт намоям. Бастаи хизматрасониҳо васеъ аст, шахсан барои ман кифоя мебошад. Ҳоло иқдом ба поён расидааст, лекин нархи тарофаи ман ба ҳар ҳол хеле хуб аст. Ба роҳат истифода мебарам!
Маҳмад Ҷабборов, ронандаи таксӣ:
— Ман ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунам, ин маънои онро дорад, ки ман ҳамеша бояд дар алоқа бошам. “Анор” чунин имкониятро фароҳам меорад, дар тарофаи ман – “Диёр 50” зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 600 дақиқа барои зангҳои дигар пешбинӣ шудаанд. Вақте ман қарор кардам, ки муштарии ширкат мешавам, бароям ин аз ҳама муҳим буд. Инчунин мехостам алоқаи устуворро дар тамоми Тоҷикистон иброз намоям, ин шабака дар вақти сафарҳо маро боре нороҳат накарда буд.
Ҷамшед Пиров, донишҷӯ:
— Ба ман интернет, аниқтараш интернети арзон ҳамеша зарур аст. Вақте дар бораи оператори нав огоҳӣ пайдо кардам, дарҳол аз паи пайдо кардани маълумот дар бораи нархҳо ва таркиби тарофаҳояш шудам. “Диёр 40”-ро интихоб кардам, ки дар он 6 000 Мб интернет ва белимити шабона пешбинӣ шудааст. Омодашавӣ ба дарсҳо ниҳоят осон гардид.
Ситора Сафарова, сокини Душанбе:
— Тарзи хизматрасонии муштариён бароям писанд омад. Дастраскунанда SIM-кортро хеле зуд оварда расонид, дар Душанбе идораҳое ҳастанд, ки ҳамеша омода ҳастанд дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳо кумак расонанд, ҳол он ки ман он қадар мушкилие надорам. Бо боварии том тавсия медиҳам!








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






