ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
ФАРХОР, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Қасри Ориёни ноҳияи Фархор ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Гуфта шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи мамлакат, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим доранд. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, амалӣ гардидани иқдоми шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақонаю сарбаландона фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонон дар ноҳия Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026 қабул гардидааст.
Таъкид гардид, ки ҷавонони моро зарур аст, ки бо аз худ намудани дастовардҳои технологии замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшанд. Зеро ояндаи мамлакат аз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки бар зидди ҳама гуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд.
Ҷавонони саодатмандро зарур аст, ки бо истифода аз имконияти фароҳамоварда ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






