Ҷавонони тоҷик дар моварои ҳаводиси сайёра ва таҳмили ғояҳои экстремистӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 23, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Бояд иброз намуд, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.

Мо бо ҷавонони тоҷик ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаашон дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҳаводиси рӯзгор, зуҳуроти шигифтангез ва носолим дар ҷаҳони муосир, низоъҳои  байналмилалӣ, ки ба куллӣ бо намову симои нави пеш вуҷуднадошта ба зуҳур омада истодаанд, бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки муносибати худро ба тарбияи фарзандонамон, омодагии онҳо ба истиқболи ин ҳама  зуҳуроти бесобиқаву пуртазод  бо назари тозаву нав  амалӣ намоем. Оё ҷавонони мо омода ҳастанд,  ки чунин имтиҳонҳои ғайричашмдошт,  нобаҳангом ва таҳмилшуда аз ҷониби дигаронро сарбаландона пушти сар кунанду аз онҳо беосеб бигузаранд? Оё ҷавонону наврасони мо омодаанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ одобу тамкину маърифату ҳунар ва ҷасорати миллии моро ба таври шоиста намояндагӣ кунанд?

Дар робита ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

— Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва мақоми сазовор дорад. Хусусан ташаббус  ва пешниҳодҳои тақдирсозу ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллати мо, кӯшишҳояшон барои муаррифии сиришти неки миллати тоҷик, сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон, равобиту  муносибатҳои дӯстонаву бародаронаашон бо кишварҳои дигари дунё, пайгирии ҳадафҳои неку хайрхоҳонаи башариашон симои неки миллии мамлакати мо ва халқи онро дар ҷаҳон хеле дурахшон муаррифӣ менамоянд.

Мо ҳамеша такя ба суннатҳо, расму ойин, ҳунару фарҳанг ва хусусан одоби баланди миллиамон дорем, ки воқеан намунаи барҷастаи одоби инсониро пайгирӣ карда, давоми асрҳо ҷавононро дар руҳияи беҳтарин суннатҳо ва ойинҳои ҷавонмардии гузаштагонамон тарбият мекарданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Сарвари ватандӯсти он Эмомалӣ Раҳмон аз оғози пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ дар ин сарзамини бостонӣ масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавононро дар мадди аввали сиёсати навин қарор дода буданд. Ба ёд орем, ки ҳанӯз дар оғози сиёсати давлатдорӣ Сарвари давлат яке аз аввалин мулоқоташонро маҳз бо ҷавонон барпо намуданд. Дар он мулоқот  раҳнамоии хеле хубе ба ҷавонони мо, хусусан дар мавриди худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияту муқаддасоти худ, омӯзиши касбу ҳунару илму маърифат  тарҳандозӣ гардида буд.  Ин таваҷҷуҳ ба ҷавонон, дастгирӣ ва раҳнамоии онҳо ин ҳама солҳо идома дорад. Пешвои миллати мо ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша кӯшидаанд, ки ба ҷавонон шароити созгори омӯзишу пешрафт муҳайё сохта, ба онҳо иҷрои вазифаҳои масъули ҷамъиятиву давлатиро бовар намоянд.

Ҳанӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2022  “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки ҳадафаш боз ҳам дар руҳияи солими инсонпарвариву сулҳу осоиш тарбият намудани ҷомеа, хусусан ҷавонон аст, муддати зиёде нагузаштааст. Бояд гуфт, ки ҷавонону наврасони мо низ асосан дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбият ёфтаанд. Имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, фарҳангу маърифат, бунёдкориҳову ободиву созандагиҳо саҳми арзанда мегузоранд. Мо борҳо шоҳиди пирӯзии наврасону ҷавононамон дар озмуну озмоишгоҳ ва мусобиқоти соҳаҳои гуногуни  илму ҳунар  дар майдонҳои байналмилалӣ гардидаем.

Аммо чунон ки гуфтем, ҳаракату ҷараёнҳои зиёди номатлуб, мубоизаҳо барои ғояҳои мухталиф ва гоҳо зарарноку иртиҷоӣ дар ин солҳои охир оламро фаро гирифтаанд. Дар ин радиф дастгоҳҳои тарғиботии зиёде пайдо гардидаанд, ки ҳадафи ғаразнокашон аз роҳи солим баровардани ҷавонони мо мебошад. Боиси таассуфу дареғҳои шигифтангез аст, ки як гурӯҳ ҷавонони бетаҷрибаву хушбовари мо гирифтори онҳо гардиданд. Ва ин бе таъсир ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони дунё, аз ҷумла мамлакати мо набуд. Чунонки Пешвои миллатамон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, “давоми даҳ соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва сабт шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон ҳамроҳшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ҷалби онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард. Тибқи маълумоти фаврӣ, зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардиданд. Дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ин равия ҳамроҳ гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ин зуҳурот бетафриқа набуда, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле корҳоро анҷом доданд. Дар 10 соли охир дар мамлакати мо 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва сабт шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки  маҳз бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандони мо дохилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ҷалби онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, боиси нигарониҳои ҷиддии ҷомеа гардид.

Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Натиҷаи тарғиботу сиёсати экстримистии баъзе кишварҳои хориҷӣ буд, ки дар олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо ҳам равияҳои гуногуни экстремистӣ пайдо шуданд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд.

Аммо саволе ба миён меояд, ки ба пайдоиши чунин равияҳои зиёновар дар мамлакати мо чӣ мусоидат мекунад, кистанд онҳое, ки дар пайдоиши ин падидаҳои иртиҷоӣ дар Ватани мо  саҳм мегузоранд? Ба ин  савол метавон боз ҳам аз суханронии Пешвои миллати мо посух ёфт. Аз ҷумла:

“Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе имомхатибон пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гардида, ғояҳои ифротии онҳоро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд” ва дар ин росто исми чанде аз имомҳои ба равияҳои ифротгаро ҳамроҳшуда ном бурда мешавад.

Сабаби дигари ҷой ёфтану ривоҷ гирифтани андешаҳои экстремистӣ дар байни ҷавонони мо он мубаллиғони хориҷӣ мебошанд, ки ба донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат, умуман ба ҳар воситае роҳ ёфта,  ҷавононро ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» ҷалб кардаанд.

Ҳамчунин дар суханронии Пешвои миллатамон иброз гардид, ки солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст.

Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва бадбахтона, ҷавонони ногоҳи мо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ гирифтори он мегарданд.

Далелҳои оварда дар боло ва вазъи ноҳинҷори байналмилалӣ, кӯшишҳои аз роҳи солим баровардани наврасону ҷавонони мо, албатта, беҳуда набуда, ҳадафҳои носолими худро доранд, ки мо бояд ҳам ба онҳо роҳ надиҳем ва ҳам чораҳои фаврие барои ба доми  душманон наафтодани ҷавононамон  ҷӯйем.  Ва бо суханони аз сари нанг гуфтаи Пешвои миллатамон ҳамсадо мешавем, ки “мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад”.

Пас, мо бояд   минбаъд фарзандонамон чунон тарбия ва таълим диҳем, ки дар одобу гуфтору рафтор ва инсонгарӣ намунаи ибрат бошанд, чунонки ин амал ҳамеша аз ҷониби гузаштагони мо тарғиб карда мешуд.

Ҷавонони азиз, биёед ин суханони раҳнамои Пешвои миллатамонро чун барномаи ҳамарӯзаи ҳаёт ва ҳадафҳои бузурги миллиамон ҳамеша дар хотир дошта бошем:

“Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.

Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед!

Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед!

Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд.

Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд.

Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!

Ман ба нангу номус, ақлу заковат, неруи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам”.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд