АЗ ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ САРҲАДИИ «КУЛМА ҚАРОСӮ» 20 СОЛ СИПАРӢ ШУД. Нақши он дар тақвияти робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин муассир аст

Май 25, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли 2024 аз ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма Қаросӯ», ки дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин нақши муҳим дорад, 20 сол сипарӣ мешавад. Дар иртибот ба 20- солагии ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма – Қаросӯ» дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо шарофати сиёсати дурандешонаи Сарони ду давлати ҳамсоя- Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳо, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, муносибатҳои дӯстона ва анъанавии халқҳои ҳарду давлат пайваста густариш меёбанд».

Муовини волии Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хунмей таъкид намуд, ки гузаргоҳи «Кулма –Қаросу», ки 20 сол пеш, 25 майи соли 2004 дар марзи Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, имрӯз ҳамчун нуқтаи асосӣ барои воридоту содироти молу маҳсулот ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешавад».

Ба андешаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ин гузаргоҳ, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни давлатҳо дар доираи созишномаҳои байниҳукуматии ҷонибҳо «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» (аз соли 2008) ва «Дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин ва реҷаи кории онҳо» (аз соли 2011) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳи «Кулма-Қаросӯ» сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2023 ҳамлу нақли бор 472 ҳазору 852 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (170 576 тонна) ба миқдори 302 276 тонна ё 2,5 баробар зиёд мебошад. Дар сурати таъмин намудани инфрасохтор ва шароити зарурӣ ҳаҷми боркашонӣ метавонад боз ҳам бештар гардад. Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам самаранок истифода бурдани ин гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ва реҷаи кории онҳо» таҳия ва пешниҳод гардид, ки фаъолияти шабонарӯзии гузаргоҳро бе рӯзҳои истироҳат, ид ва рӯзҳои таътил пешбинӣ менамояд.

Иштирокдорони маҷлиси идона намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро, ки дар маркази ноҳияи Мурғоб ташкил гардид, тамошо намуданд.

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ филми кӯтоҳметраж, ки аз фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Кулма- Қаросӯ» нақл мекард ва барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳияи Мурғоб пешкаши иштирокдорон гардид.

Иштирокдорони маҷлиси тантанавӣ ҳамзамон бо фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Кулма–Қаросӯ», ки дар сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Чин, дар баландии 4362 метр аз сатҳи баҳр ва дар масофаи 80 километр аз маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст, шинос шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст