Байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 21, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯйи натиҷаҳои Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки 20 май дар шаҳри Боку баргузор гардид, зиёда аз 15 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 700 миллион доллари ИМА ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум, аз ҷумла байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Талко»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азералюмин»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи савдои мутақобила ба имзо расид.

Илова бар ин, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи фурӯши равғани пахта ва табодули таҷриба дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии Заррин» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли нассоҷӣ, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи пахтакорӣ, аз ҷумла коркарди тухмии пахта, байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» (Тоҷикистон) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон» дар соҳаи амалиёти содироту воридот, байни ширкатҳои «Боллуг» (Тоҷикистон) ва «Ганҷ 2000» (Озарбойҷон) оид ба ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, байни ширкати «ОБИ ФАЙЗОБОД» (Тоҷикистон) ва ширкати «Universal Trade» (Озарбойҷон) созишномаҳо ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, таҳкими шарикии тиҷоратию иқтисодӣ, барқарор намудани робитаҳо байни доираҳои тиҷоратӣ, таҳқиқи самтҳо ва имконияти нави ҳамкорӣ ва сармоягузории мутақобила, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак гузаронида шуд.

Дар анҷуман беш аз 200 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд