«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид

Май 25, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои сулҳ ва дӯстӣ»  бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва табодули таҷриба байни ташкилоти  волонтёрони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фестивали байналмилалӣ оғоз гардид, ки он давоми  як ҳафта дар Тоҷикистон идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фестивал, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шудааст, зиёда аз 50 намояндаи ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маммлакат иштирок доранд.

Дар рӯзи аввали фестивал ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ- асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузоштанд.

Фестивал як ҳафта давом мекунад. Иштирокчиён аз дарсҳои маҳорат, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, таблиғҳо, муҳокимаҳои панелӣ ва шабҳои фарҳангии кишварҳои иштироккунанда баҳра мебардоранд. Чорабиниҳои асосӣ дар шимоли мамлакат-  дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон баргузор мешаванд.

Ҳамоиш ба Соли ҳаракати волонтёрон дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчунин ба Рӯзи ҷавонони тоҷик бахшида шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад