Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология, ки 25 май муқаррар шудааст, дар Душанбе дар мавзуи «Нақши стандартонӣ ва метрология дар рушди саноат ва иқтисодиёти мамлакат» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт».
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандони соҳаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иби касбӣ табрик намуда, гуфт, ки пешрафти замони муосир тақозо менамояд, ки ниҳодҳои давлатӣ бо дастовардҳои нав ба нав ва дар ҳамбастагӣ барои татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат, таъмини рушду пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ сайъ намоянд.
Иброз гардид, ки нақши Агентии «Тоҷикстандарт» дар таъмини сиёсати давлат дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва беҳтар гардидани фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳа назаррас аст.
Ҳадафи конфронс дар заминаи татбиқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисоди ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.
Гуфта шуд, ки фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» ба татбиқи сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи бозори истеъмолӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ дар таъминоти риояи қоидаҳои савдо, таъмини ченаки ягона ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона гардидааст.
Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат, таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва низоми ченаки ягона дар ҷумҳурӣ кор мебарад.
Иштирокдорони конфронс нақши стандартонӣ ва метрологияро ҳамчун узви муҳими низоми идоракунӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дар ин замина дар такмили идоракунии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулот баҳри рушди саноату таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд






