Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд

Май 11, 2024 19:19

ДУШАНБЕ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 май мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллӣ, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат», аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо, донишҷӯён, волонтёрон ва ҷавонону касбу кори гуногун баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти фаъолияти сохторҳои идеологӣ, дарки мафҳумҳои давлату миллат, ҳокимият, идеология, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандустии чавонон, зуҳур ёфтани хатарҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии онҳо ва дигар самтҳо сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки масъулини соҳаи кор бо ҷавонон барои таҳкими амният, ҳифзи оромиву субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, боло бурдани зиракии сиёсии онҳо, пешгирии насли ҷавон аз омилҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои хатарзо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2024 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид