Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд

Май 30, 2024 10:34

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати

Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳти роҳбарии директори минтақавии департаменти иқтисодиёт ва хизматрасонии машваратӣ дар Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Туркия, Покистон ва Афғонистон хонум Илҳем Саломон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз сатҳи ҳамкорӣ бо IFC изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар бахши низоми бонкии мамлакат, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди хизматрасонии муосири рақамии молиявӣ ва таҳияи стратегияи миллии густариши дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ ба аҳолӣ махсус такид намуд.

Дар мулоқот ҳамзамон сатҳи раванди корҳо дар амалисозии лоиҳаҳои IFC «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул», «Дастгирии рушди рақамӣ ва инноватсионии бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва оғози лоиҳаҳои нав оид ба истифодаи энергияи зеризаминии геотермалӣ ва нақшаи татбиқи минбаъдаи онҳо муҳокима гардид.

Роҳбари ҳайати IFC хонум Илҳем Саломон аз тамоюли мусбати оморӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодиву низоми бонкӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, омодагии Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар дастгирии лоиҳаҳои минбаъда баён намуд.

Гуфта шуд, ки имзои Созишномаи ҳамкорӣ оид ба расонидани кумаки техникӣ байни Бокни миллии Тоҷикистон ва IFC вобаста ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва мусоидат ба рушди хизматрасонии муосири рақамии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 30, 2024 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид