Дар Душанбе масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ баррасӣ гардид

Май 17, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Душанбе зимни баргузории машварати корӣ масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва паст намудани дӯшбории молиявии хонаводаҳо ҳангоми гирифтани хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат самти афзалиятнок эътироф гардида, солҳои охир ҳиссаи маблағгузории давлатӣ ба ин бахш афзоиш меёбад. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаи асосии низоми тандурустӣ мебошад, ки ба ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тиббӣ тавассути беҳтар кардани фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳифзи молиявӣ саҳм гузошта метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо мақсади гузаштан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ якчанд ташаббусҳоро амалӣ намудааст.

Ҳамчунин зимни ҷаласа таҷрибаҳои мусбати дигар давлатҳо дар самти татбиқи «Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ» аз тарафи мушовирони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯнамоӣ гардида, самаранокии тиббии татбиқи ин хизматрасонӣ таъкид шуд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

Май 17, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст