Дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони имрӯза зарурати бештари омўзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ барои ҷавонон пеш омадааст ва онро бояд ба насли наврас тарғиб намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафту шукуфоии он аз ҷавонони қобилиятноку соҳибистеъдод вобастагии бузург дорад. Ин матлаб 22 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни баргузории конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзию техникӣ» бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки тибқи Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷўён, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чораҳои зарурӣ дида шуда, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат баҳри рушди ин фанҳо фаъолият доранд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокдорон тараққиёт ва инкишофи рӯзафзуни техника ва технологияро дар ҷаҳони муосир ба бештар шудани ниёзмандиҳои башарият баҳри омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ рабт доданд. Таъкид гардид, ки ин водор менамояд барои фароҳам овардани шароит ва омӯзиши улуми табиатшиносӣ ва риёзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир гардад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид






