Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд

Май 27, 2024 17:19

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  Корхонаи мушараки истеҳсоли «Шири Ватан» дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси муассисон баҳри таъсиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар медиҳад.

Роҳбарияти Кумитаи  иҷроияи  ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули иродаи мардум, барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми ташкилоти ҳизбӣ дар корҳои созандагию ободкорӣ дар пойтахт, арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дин аз 9 марти имсол ва нақшу мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.

Маҷлиси муассисон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбиро «Ободкор» ва дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки истеҳсоли «Шири Ватан» ташкилоти ҳизбиро «Шири Ватан»   ном гузошта, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.

Ба нафароне, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд.

Бояд гуфт, ки доштани мавқеи устувори сиёсӣ дар ҳама давру замон, хусусан дар давраи ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ гардида, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои муаррифии ҳадафҳои созандаи Роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, огаҳ намудани шаҳрвандон аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ, ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

АКС:  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақлии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Май 27, 2024 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд