Дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон маблағи қарзи ба занону духтарон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил намуд

Май 30, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону духтарон  мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавӣ ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас мерасонанд. Умуман дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону духтарон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳо далели равшани фаъол будани занону духтарон дар иқтисодиёти мамлакат мебошанд. Дар ин хусус 29 май  зимни баргузории конфронси илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» иттилоъ дода шуд.

Тавре дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки дар баробари чорабиниҳои гуногуни тавонбахшии рушди иқтисоди мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Амалисозии ислоҳот тавассути ба роҳ мондани тадбирҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба шаклҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ, баланд бардоштани имконияти сармоягузорӣ ба мамлакат, баланд бардоштани шафофият дар санҷиши фаъолияти иқтисодии корхонаю шаҳрвандон, мукаммалгардонии низоми ҷалби сармоя барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баландбардории малакаҳои касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва ғайра татбиқ мегардад.

Гуфта шуд, ки дастгирии рушди соҳибкориро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 барои таъмини рушди иқтисоди мамлакат хеле муҳим арзёбӣ карда, чунин таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд».

Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки татбиқи чунин амалҳо солҳои охир имконияти таъмини бозори истеъмолию хизматрасонӣ, афзудани иқтидори содиротии мамлакат, эҷоди ҷойҳои нави кориро васеъ намуд. Дар ин самт нақши соҳибкории занон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023 дар ҷумҳурӣ шумораи соҳибкорон беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба панҷсоли қаблӣ аз 5 то ба 10 фоиз зиёд мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои таҳлилу баррасинамудаи мутахассисону коршиносон барои ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар таъмини рушди соҳибкории занон мусоидат менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд