Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд

Май 2, 2024 18:40

БАЛҶУВОН, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд. Аз ҷумла, нафақаи пиронсолӣ – 73 нафар, маъюбӣ – 9 ва бесаробонӣ 5 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Балҷувон Мирзошо Иброҳимзода иттилоъ дод.

«То моҳи апрели соли 2024 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Балҷувон 2494 нафақахӯр сабти ном шудааст, ки 1481 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 1596 нафар гирандаи нафақаи пиронсолӣ, 202 нафар маъюбӣ, 104 нафар бесаробонӣ ва 592 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ аст. Ҳамаи нафақахӯрони ноҳия бо кортҳои пластикӣ таъмин мебошанд», — гуфт сардори Раёсат Мирзошо Иброҳимзода.

Ба иттилои мавсуф, дар ноҳияи Балҷувон ба нафақахӯрон аз рӯи категорияҳои гуногун нафақа тайъин гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар се моҳи соли 2024 аз тарафи Раёсат ба 10 оилаи камбизоати нафақахӯроне, ки фавтидаанд, ба маблағи 13 ҳазору 680 сомонӣ кумакпулӣ расонида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд