Дар Тоҷикистон дар заминҳои лалмӣ шолӣ парвариш карда мешавад

Май 26, 2024 11:05

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Лаккони шаҳри Исфара, табиби гиёҳдармон Исмоилҷон Ҳайитов парвариши шолиро дар замини лалмӣ ба роҳ монда, соли 2023 бо ин усул ҳосили хуб ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Ба гуфти Исмоилҷон Ҳайитов, «бо баҳисобгирии камобӣ кӯшиш дорам ҳамчун таҷриба парвариши растаниҳои обдӯстро дар заминҳои лалмӣ ба роҳ монам. Парвариши шолӣ дар замини лалмӣ яке аз ин гуна таҷрибаҳо аст. Соли 2023 бо ин усул ҳосили хуб ба даст овардам. Гумон мекунам ба ин тариқ ба роҳ мондани парвариши шолӣ дар муҳити камоб ба мақсад мувофиқ мебошад».

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Исмоилҷон Ҳайитов инчунин дар як қитъа гиёҳҳои шифобахш парвариш мешаванд, зеро хоки ҳосилхез, обу ҳавои мусоид, шароити хуби ҷуғрофию антропогении Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ҳама гуна гулу гиёҳҳои шифобахш дар ин сарзамин дар беҳтарин шакл нашъунамо ёбанд.

Гуфта шуд, ки Исмоилҷон Ҳайитов давоми умри бобаракат ба гиёҳдармонӣ машғул буда, аз чеҳраҳои шинохтаи ин соҳа дар Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2018 зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино масъалаи рушду такомули гиёҳдармониву дорусозиро ба миён гузошта, иброз доштанд, «ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашудаанд. Дар баъзе беморхонаҳо ва осоишгоҳҳо табобат бо усули гиёҳдармонӣ ба роҳ монда нашудааст, ҳол он ки ҳамаи навъҳои набототи мо ба табобат мусоидат карда, қисме аз онҳо аз ҷониби соҳибкорон ба хориҷа бароварда мешаванд».

Бояд гуфт, ки рушди гиёҳдармонӣ метавонад ба ҳама соҳаҳо таъсири мусбат гузорад. Бо амалӣ намудани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ё содироти гиёҳҳо нахуст соҳаи тиб дар мамлакат боз чанд қадам пеш меравад, зеро гиёҳдоруҳо маводи асил буда, дар табобат нисбат ба доруҳои кимиёӣ таъсири беҳтар доранд. Ҳамзамон инкишофи бахши гиёҳдармонӣ ва дорусозӣ ба иқтисоди давлату миллат судманд мебошад.

Имрӯзҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ва утоқҳои гиёҳпизишкӣ ифтитоҳ намудааст, ки дар онҳо беморон бо гулу гиёҳҳои ватанӣ табобат карда мешаванд.

Яъне метавон гуфт, гиёҳдармонӣ дар раванди ташаккули тарзи ҳаёти солим хеле хуб мавриди истифода қарор мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Май 26, 2024 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд