Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд

Май 17, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо сафари се рӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар доираи ин сафар мулоқоти  сатҳи баланди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонум Кристалина Георгиева баргузор шуданд. Ҳамчунин имрӯз Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги стратегии Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Субҳи имрӯз  Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат мусоҳиба анҷом дод, ки муҳтавои он пешниҳоди хонанда гардонда мешавад

Шумо аҳамияти сафаратон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

-Мехоҳам миннатдориамро ба роҳбарияти Тоҷикистон  изҳор намоям, чун ман имкон пайдо намудам, то бо мардуми тоҷик ҳамсуҳбат гардам. Пеш аз ҳама, ман аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷо вохӯрдам, барои пешвозгирии самимӣ сипогузорам. Мо ҳоло барномаи наве қабул намудем, ки он ба беҳдошти фазои маблағгузорӣ, ҷалби сармоягузорон, истифодаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Барои ман мулоқот бо Президент хеле ҷолиб буд. Ӯ инсони дурандеш аст. Суҳбати мо ба ду масъала рабт дошт. Нахуст, барномаҳое, ки иҷрои онҳо ба рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ кумак мерасонад.  Мавзуи дуюм ба он вобаста аст, ки Тоҷикистон ҳоло барои суръат бахшидан ба кор дар тарҳҳои хеле муҳим, аз қабили НБО «Роғун» омода аст. Ин барнома бахусус ҳоло, дар даврае, ки Тоҷикистон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» — яке аз бузургтарин  тарҳҳои на танҳо барои мамлакат, балки барои тамоми минтақа муҳимро пеш мебарад, зарур аст.  Ин иншоот манбаи тавлиди энергияи «сабз» барои рушди тиҷорати Тоҷикистон ва мардум мегардад. Ва барои ин барномаи мо ба дастгирии ислоҳот, фаъолияти  Ҳукумат нигаронида шудааст, то мардум донанд, ки пул аз куҷо меояд, ин боварии сармоягузоронро афзоиш медиҳад ва маблағгузории ин лоиҳаро суръат мебахшад.

Сафари шумо шаҳодати ҷиддии сатҳи нави ҳамкории кунунии мо мебошад. Дар марҳилаи нави шарикӣ ба чӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад?

-Мо муносибати хуби ҳамдигарфаҳмӣ дорем. Ин муносибат дар асоси боварии дуҷониба амалӣ карда мешавад. Гурӯҳи мо хеле ҷиддӣ кор мекунад, то муайян кунад, ки макон ва ислоҳот то куҷо метавонанд ба рушди иқтисодиёт мусоидат  намоянд.

Ба назари ман ҷониби Ҳукумат ҳавасманди он аст, ки он тағйироти асосие, ки ба амал меоянд, дар ин ҷо онҳо бояд аз нуқтаи назари мардуми мамлакат амалӣ шаванд. Ман бо занон аз Ҳукумат ва бахши хусусӣ вохӯрдам. Аз гуфтаҳои онҳо маълум мегардад, ки давлат ба сӯи беҳтар тағйир карда истодааст. Мо, занҳо имконияти бузург дорем, ки дар ҳаёти иқтисодӣ иштирок намоем, Ҳукумат ва Президент ин тағйиротро дастгирӣ менамоянд. Он чӣ ки ман инҷо мебинам, маро хушҳол мекунад. Тоҷикистон имрӯз нисбат ба солҳои 90-ум, ки бори аввал ман инҷо будам, хеле диққатҷалбкунанда ва зебо шудааст. Дар он замоне, ки ман бори аввал дар Тоҷикистон будам, инҷо чун имрӯза чандон хуб набуд, балки давраи вазнине буд, Душанбе чун имрӯз ба назар намерасид. Ман аз ин дигаргуншавӣ ва аз он ки Хазинаи байналмилалии асъор метавонад дар раванди ислоҳот бахши хусусиро дастгирӣ намояд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд, хеле шодам.

Шумо дар бораи рушди имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳоти иқтисодӣ чӣ назар доред ва то кадом андоза онро ҳам аз нуқтаи назари муосиркунонии мамлакат ва ҳамзамон  рушди бахши хусусӣ самарабахш меҳисобед?

-Иқтисоди Тоҷикистон устувор будани худро собит намуд. Тавре мо медонем, пандемия ва ҷанг буд. Ин ҳама ҳолати иқтисоди ҷаҳонро хеле бад намуд. Мо нисбат ба Тоҷикистон таассуроти хуб дорем. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ олӣ ҳастанд. Рушди иқтисодӣ беш аз 8 фоиз аст. Таваррум яке аз ҳама пасттарин- қариб 3 фоизро ташкил медиҳад. Қарз нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 27 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҳама муҳим, мардуми тоҷик муттаҳид ҳастанд ва барои пешрафти Тоҷикистон талош доранд.

 -Шумо яке аз занҳои таъсиргузор дар ҷаҳон ҳастед, ки дар кишварҳои зиёде будед. Шумо нисбат ба мардуми тоҷик чӣ гуфта метавонед?

-Ҳунари тоҷикон хеле таъсирбахш аст, онҳо имкони дар ватани худ кор кардан доранд. Ман нисбат ба мардуми тоҷик эҳтироми зиёд дорам. Мехоҳам беҳтаринҳоро ба ҳама орзу намоям. Душанбе шаҳри  бисёр зебо ва сарсабз аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин макон барои зиндагии хуш ва руҳбаландии одамон офарида шудааст. Бори дигар ба мардуми тоҷик барои пазироию меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос мекунам.

Май 17, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вазъи ҳуқуқии номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» таҳия гардид
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Хадамоти алоқа дар доираи ин солҳо иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
Дар Душанбе созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд ба имзо расиданд