Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон барои омӯзгорони дурдаст ва кормандони вазорату идораҳо даврҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мегузаронад

Май 10, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 барои омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) байни кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон якчанд даври омӯзишӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Дилобар Ашурова хабар дод.

Гуфта мешавад, ки баргузории даврҳои омӯзишӣ дар асоси «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.

«Дар доираи ин даврҳо якчанд чорабиниҳо бахшида ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо додани шаҳодатномаи такмили ихтисоси намунаи давлатии русӣ бо ҳуқуқи кор дар давлатҳои Иттиҳои Давлатҳои Мустақил амалӣ мешаванд. Инчунин даврҳои бозомӯзии касбии омӯзгорони фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташон бо забони тоҷикӣ бо таваҷҷуҳ ба мактабҳои дурдасти деҳот ва баъдан додани дипломи бозомӯзии касбӣ аз рӯи намунаи муқарраршуда ба нақша гирифта шудааст», — иброз дошт Дилобар Ашурова.

Ба гуфтаи директори марказ, диплом ҳуқуқи пеш бурдани фаъолияти касбиро тасдиқ мекунад ва имкон медиҳад, ки аз аттестатсия аз рӯи ихтисоси муаллимони забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони тоҷикӣ гузарад, инчунин семинарҳои методӣ оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, семинарҳои идеяҳои педагогии омӯзгорон бо мақсади табодули таҷрибаи пешқадам ташкил ва гузаронида мешаванд.

Барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо стандартҳои давлатии таълим, ки қонун тасдиқ кардааст, роҳҳои беҳтар намудани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян мекунад.

Ҳамзамон дар доираи ин тадбир барои кормандони вазорату идораҳо низ даврҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд, ки хоҳишмандон метавонанд дар ин дарсҳо тариқи шартнома иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

«Ман барои чӣ доим ба ин забонҳо ишора мекунам? Зеро аз шаш забони қабулнамудаи СММ ин ду забон ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ дониста мешаванд», — таъкид  намуданд Пешвои миллат.

«Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Ҳамин аст, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои онро Президенти мамлакат қадами баробар гузоштан бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон ном бурдаанд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

«Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳанд. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш намоянд, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардоранд», — гуфт мавсуф.

Дарвоқеъ, бо тақозои замон имрӯз ҳар фарди бедордил бояд барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
Зоҳирҷон ТОИРЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 10, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввал садо дод
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
«МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД…». Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид
Дар Тоҷикистон то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад
Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 300 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии касбӣ сазовори ҷойи якум гардид
Зиёда аз 36 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии Тоҷикистон бо хӯроки гарм таъмин мегарданд
Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ таҳия карда мешавад
Омӯзгорону хонандагони шаҳри Роғун суханронии Президенти Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст»
ДОНИШ — ПОЯИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи дониш