Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо муассисаҳои олии касбии Узбекистон ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Алмосшо Шоҳиён бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Конгратбай Шарипов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ин вохӯрӣ зимни баргузории Форуми якуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилоти таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи ҷараёни амалишавии шартномаҳо, ҳамкории судманд ва самарабахши донишкада бо таълимгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон масъалаи амалӣ намудани барномаҳои таълимии шабакавӣ барои ба таври муштарак тайёр намудани мутахассисон аз рӯи нақшаи 1+3, 2+2, 3+1 барои ихтисосҳои зарурӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ мегардад, пешниҳод гардид, ки бо қаноатмандӣ қабул карда шуд.
АКС: Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






