DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» оид ба ҷудо идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 4 вазн: — 63 кг, -70 кг, байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Тоҷикистонро дар ин рӯз 10 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.
Байни занон дар вазни -63 кг Шоҳида Қаландарова бо Кристина Кабана Переси Испания дар даври аввал неру месанҷад.
Дар вазни — 70 кг Мавлуда Одинаева дар даври аввал бо Габриелла Виллемс аз Белгия гӯштин мегирад.
Байни мардон дар вазни -73 кг Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Биаслан Блимготови баҳрайнӣ гӯштин мегирад.
Абубакр Шеров дар вазни -73 кг дар даври аввал бо Рамазон Коджакови баҳрайнӣ неру месанҷад.
Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни -73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Як Йонезукаи амрикоӣ гӯштин мегирад.
Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Адам Содолскии лаҳистонӣ неру месанҷад.
Дар вазни то -81 кг Сунатулло Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудочии қазоқ Жубаназар Абулайхан гӯштин мегирад.
Сунатулло Лоиқов дар вазни -81 кг бо Йошито Ҳоҷо аз Ҷопон дар даври дуюм қувва меозмояд.
Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни -81 кг бо Лачлан Мурҳеад аз Британияи Кабир дар даври дуюм гӯштин мегирад.
Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни -81 кг бо Адам Копески аз Чехия дар даври дуюм неру месанҷад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






