Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд

Май 14, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ хонум Кристалина Георгиева 16 май ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин сафар мулоқоту вохӯриҳои сатҳи баланди ҷониби Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги стратегии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос мегардад.

Сафари Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Кристалина Георгиева ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 май идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд