ФУТБОЛ. Дар Душанбе марҳилаи якуми даври омӯзишӣ барои довталабони иҷозатномаи «В» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе марҳилаи аввали даврҳои омӯзишӣ барои мураббиён аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» оид ба футбол оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастурдиҳандаи асосии даврҳо коршиноси Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Боир Игамбердиев ва ёварони ӯ – сардори шуъбаи таҳлил ва методологияи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Салоҳиддин Ғафуров ва дастурдиҳандаи ин федератсия Аслиддин Ҳабибуллоев мебошанд.
Тибқи барнома, даврҳо барои барномаи иҷозатномаи «В» аз ду марҳила бо танаффус барои кори амалӣ дар дастаҳо иборат мебошанд. Марҳилаи аввал то 20 май ва марҳилаи дуюм аз 11 то 20 июн дар Душанбе давом мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






