ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Фарзанди корманди АМИТ «Ховар» ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт
ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯзҳо дар саросари мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дорад. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ якуми апрел шуруъ гардида, охири моҳи майи соли 2024 анҷом меёбанд.
Субҳи имрӯз фарзанди корманди АМИТ «Ховар» Тоҳир Саид — сокини шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Саидов барои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ — қарзи шаҳрвандияш ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт.
Муҳаммадҷон Саидов дирӯз имтиҳонҳои хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимовро бомуваффақият супорид. Имрӯз бо ҳисси ифтихор аз ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва азму ҷаҳди ҷавонмардӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои Ватан, бо умед аз ояндаи дурахшони сарзамин либоси ҳарбӣ ба бар намуд.
Падару модари Муҳаммадҷон — Тоҳир Саид ва Лутфинисо Каримова изҳор намуданд, ки фарзандашон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуд, дар ҳамаи чорабиниҳои мактаби олӣ фаъолона иштирок дошт, ҳамеша баҳри васеъ намудани донишҳои замонавӣ ва обутоб додани ҷисму тани худ машқ мекард.
Бешубҳа, хизмати аскарӣ барои Муҳаммадҷон Саидов мактаби бузурги ҷавонмардӣ, ҷасорату матонат, доштани иродаи қавӣ, наҳаросидан аз мушкилоти замона мегардад ва ӯ баъди адои хизмати ҳарбӣ фарди комили ҷомеа мегардад.
Ин амали Муҳаммадҷон Саидов барои дигар ҷавонону ҳамсолонаш намунаи ибрат буда, онҳо низ бояд бо иродаи қавӣ ва ба таври ихтиёрӣ ба ҳифзи Тоҷикистон — сарзамини аҷдодӣ, ки аз ҳавояш нафас кашида, дар домонаш парварида шудаанд, азм намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






