Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд

Май 8, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 4-5 май бар асари бориши шадид дар якчанд деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Нуробод ва Сангвор, инчунин дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Суғд сел ба амал омад. Аз соатҳои аввал кор дар маҳалҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ, ташкили кор оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва муайян кардани хисорот оғоз ёфт. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ситодҳои байниидоравӣ таъсис дода шуда, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, дар деҳаҳои Гулбоғ ва Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Варзоб роҳҳои байни деҳаҳо зери об монда, ба таҳхонаи 43 бинои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони аҳолии ин ду деҳа зарар расид.

7 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки дар қитъаи рӯдхонаи Варзоб аз сел осеб дидаанд, корҳо оид ба кашидани об аз биноҳои истиқоматӣ, тозакунии кӯчаҳо ва ҳифзи соҳилҳо идома дошт. Инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои зарардидаи шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ бо ёрии техникаи Кумита ва дигар идораҳо корҳои тоза кардани қаъри дарёҳои Варзоб, Кофарниҳон, Элок, Сурхоб, Ёхсу ва васл кардани саддҳои бетонӣ давом ёфта, корҳои ташкилӣ оид ба расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида ба охир расиданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад