Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамзан, ки дар хати сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта мустақар буданд, муроҷиат кунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, Абдуллоев О.Х. (муаллими таърих) вобаста ба мақоми иҷтимоии худ нишон надодааст, вале ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардид.
Дар айни замон Абдуллоев О.Х. дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ аст.
Мақомоти дахлдори ду давлат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Вазъ дар марз таҳти назорат қарор дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






