«МО НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Осорхонаи миллӣ ҷамъомади фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мо насли хушбахти замон»- таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон-1 июн бо иштироки 50 тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе ҷамъомади фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.
Дар ҷамъомади фарҳангӣ-фароғатӣ директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки «кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҷонии фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин лиҳоз иқдоми пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
Дар ҷараёни ҷамъомади фарҳангӣ –фароғатӣ бо мақсади болида гардонидани руҳияи кӯдакон ҳунармандону санъаткорони муассисаҳои давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон», «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Сирки давлатӣ» бо барномаҳои ҷолибу рангин хотири дӯстрӯяконро шод намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ маҳфилҳои фарҳангии «Чеӽранигор», нақшу нигори гулҳо дар дастон «Ҳино», «Нақши аспсавори шӯх» ва бо қоғазҳои ранга омода намудани бозичаҳои гуногун баргузор гардид.
Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба тарбиятгирандагони муассиса туҳфаҳо тақдим шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад






