МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки зимни он фарорасии моҳвораи ҷавонон эълон карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар 42 донишгоҳу донишкадаи олӣ 245 000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Зарур аст, ки дар байни онҳо ҳарчӣ бештар чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ, фарҳангӣ, оммавӣ-варзишӣ, омӯзишӣ ва ахлоқию маънавӣ доир шаванд, то самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар байни донишҷӯён татбиқ гарданд.
Илова гардид, ки Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат хонишҳои сиёсиро амалӣ намуд. Дар натиҷа соли 2023 452 хониши сиёсӣ бо иштироки 46 ҳазору 632 нафар донишҷӯёну устодон доир карда шуд. Дар доираи хонишҳои сиёсӣ масъалаҳои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ карда шуданд. Ин иқдом дар семоҳаи якуми соли 2024 низ аз 1 март то 20 май ба нақша гирифта шуда, то ин давра беш аз 270 хониши сиёсӣ бо иштироки беш аз 39 000 донишҷӯю устодон доир гардид.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонон дар самти муборизаҳои иттилоотӣ қонеъкунанда нест. Маводи вокунишӣ ва мақолаҳои созанда дар саҳифаҳои иҷтимоии шуъбаҳо кам ба назар мерасанд. Аслан донишгоҳу донишкадаҳо захираи бузурги чунин маводи вокунишӣ ва мақолаҳои таъсирбахш доранд. Барои инъикоси чунин мавод ташаббус зарур аст. Мо дар марҳилаи бисёр ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор дорем ва фаъолнокии ҳар як иштирокчии ҷаласаи имрӯза дар муборизаҳои иттилоотӣ бояд эҳсосшаванда бошад.
Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат якчанд таклиф пешниҳод карда шуд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманди вазоратро бо Кумитаи кор бо ҷавонон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илми мамлакат дар ҳама ҳолат барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон омодаи ҳамкорӣ ва тавсеаи робита мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






