Муносиботи Тоҷикистон ва Чин бар руҳияи дӯстӣ, робитаҳои неки ҳамсоягию таърихӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд

Май 26, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду давлат-  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии мамлакатҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромад. Ҳамин аст, ки  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш меёбад.

Муносибати ин ду давлат бар руҳияи дӯстӣ, муносибати неки ҳамсоягию таърихӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намуд. Тoҷикиcтoн Чинpo якe aз шapикoни бoэътимoд вa кaлидӣ дap минтaқaи Ocиёи Мapкaзӣ мeдoнaд вa тaҳкими ҳaмкopии мутaқoбилaн cудмaнд, мунocибaтҳoи дӯcтoнa вa ҳaмcoягии нeк бo Ҷумҳуpии Мapдумии Чин aз aфзaлияти acocии cиёcaти хopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн ба ҳисоб меравад. Барои тақвияти ҳамкории иқтисодии ин ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ созмон дода шуда, фаъолияти самаранок бурда мешавад. Заминаи ҳамкории дуҷонибаро тақрибан 300 санади шартномавӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки қариб тамоми самтҳои фаъолиятро дар бар мегиранд.

Соли 2013 дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии мардумии Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз гардид. Зеро дар ин марҳалаи таърихӣ дар ҳамкории кишварҳо рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба амал омаданд, ки ба сатҳи муносибатҳои давлатҳо сифати нав бахшид. Маҳз баъди ба сари қудрат омадани «насли панҷуми роҳбарони Чин» ва интихоб гардидани Си Ҷинпин ба сифати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин (14 марти соли 2013) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, даъватнома барои анҷоми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро қабул намуданд. Дар ин замина 20 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ ба Чин сафар намуданд. Зимни ин сафар «Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ» ба имзо расид.

Агар ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар қаринаи шарикии стратегӣ суҳбат намоем, бояд таъкид намуд, ки анҷоми сафарҳои роҳбарони олии давлатҳо дар соли 2013, ки таъкид гардид, сафар ва иштироки роҳбарони давлатҳо дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, чӣ дар шакли ҳузурӣ ва чӣ маҷозии анҷомшуда дар солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 бевосита ба таҳкими муносибати давлатҳо таъсири бузург расонид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 313,8 миллион долларро содирот ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 54,5 миллион доллар ё 14,8 фоиз кам мебошад. Воридоти молу маҳсулот дар ин давра ба 1189,4 миллион доллар баробар гардид. Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 421,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 92,5 миллион доллар ё 28,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Вазни хоси савдои мутақобила бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2024 19,9 фоизро ташкил дода, дар ҷои 3-юм қарор гирифт. Ҳамзамон дар ин давра ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблаги 73,3 миллион доллар молу маҳсулот содирот гардидааст. Воридот ба маблағи 347,9 миллион доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 104,9 миллион доллар ё 43,2 фоиз зиёд  мебошад.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки аз натиҷаи он протокол ба имзо расонида шуд.

Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат ва дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба сафари расмии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, корҳои сохтмониро дар биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигарҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мушаххас, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи «сабз», навсозии Ширкати «Алюминийи тоҷик», сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 4 эстакада дар шаҳри Душанбе ва навсозии роҳи автомобилгарди Варшез — Кулмаро татбиқ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар самти ҳамкории бисёрҷониба Тоҷикистон ҳамеша ташаббусҳои Чинро дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин, ки ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд ва дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкориро дар қолаби механизми «Осиёи Марказӣ-Чин», аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории фаъоли ҷонибҳо дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим буда, тавсеаи ҳамкориро дар соҳаи амният бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак  таъкид намуданд. Зиёда аз ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид намуданд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлатҳо қарор дорад, ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ба ҳисоб меравад. Ҳоло талабот нисбат ба омӯзиши забони чинӣ дар мамлакат сол то сол меафзояд. Барои мисол, агар дар давраи солҳои 1994-2004 дар Чин 199 нафар аз Тоҷикистон таълими забонӣ мегирифт, пас ин нишондиҳанда дар давраи то соли 2020 зиёда аз 978 донишҷӯро ташкил менамуд. Ҳоло дар Тоҷикистон 2-ададӣ марказҳои Конфутсий дар заминаи донишгоҳҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 26, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Кӯлоб» имсол дар 1900 гектар пахта кишт намудааст
Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар панҷ моҳ ба маблағи 760,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар вилояти Хатлон то охири моҳи май беш аз 68 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» то соли 2030 амалӣ мегардад
Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД. Тоҷикистон то соли 2037 ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардад
Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Сауд ибн Ҳаммуд Ал-Ҳабсӣ талошҳои Тоҷикистонро намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Уммон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обу энергетика густариш меёбад