Низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар аз 1 май мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 майи соли 2024 низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар мавриди амал қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре таъкид гардид, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464» 25 кишвар ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ шудааст, илова карда шуд.
Аз ҷумла:
- Амирнишини Андорра
- Баҳамас
- Босния ва Гертсеговина
- Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
- Ҷумҳурии Булғористон
- Ҷумҳурии Коста Рика
- Ҷумҳурии Кипр
- Ирландия
- Ҷумҳурии Малта
- Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
- Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
- Муғулистон
- Черногория
- Салтанати Уммон
- Руминия
- Федератсияи Сент-Китс ва Невис
- Сент-Люсия
- Ҷумҳурии Сан-Марино
- Ҷумҳурии Сербия
- Ҷумҳурии Словакия
- Ҷумҳурии Словения
- Ҷазираҳои Сулаймон
- Сент-Винсент ва Гренадинӣ
- Вотикон
- Давлати Фаластин (нисбат ба шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус)
Инчунин тибқи ҳамин қарор номгӯйи 16 давлати хориҷӣ, ки нисбат ба шаҳрвандони синнашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст, тасдиқ шуд.
Аз ҷумла:
- Ҷумҳурии Албания
- Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир
- Барбадос
- Ҷумҳурии Вануату
- Ҷумҳурии Мардумии Чин
- Иттиҳоди Доминика
- Ҷумҳурии Фиҷӣ
- Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос
- Ҷумҳурии Лубнон
- Ҷумҳурии Мадагаскар
- Ҷумҳурии Марокаш
- Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ
- Ҷумҳурии Никарагуа
- Ҷумҳурии Панама
- Ҷумҳурии Тунис
- Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
Ҳамзамон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №188 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31» 14 кишвар, аз ҷумла:
- Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
- Ҷумҳурии Сулаймон
- Ҷумҳурии Вануату
- Ҷумҳурии Судон
- Ҷумҳурии Мадагаскар
- Давлати Фаластин
- Ҷумҳурии Гаити
- Ҷумҳурии Уганда
- Ҷумҳурии Арабии Сурия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
- Ҷумҳурии Ироқ (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
- Ҷумҳурии Федеративии Нигерия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
- Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
- Ҷумҳурии Руанда (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
- Ҷумҳурии Конго (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
ба номгӯйи давлати хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, ворид карда шуд.
Эзоҳ: гуфтан ба маврид аст, ки шаҳрвандони ин давлатҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз бо мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадор ҳастанд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба будубош мувофиқро ба расмият дароранд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид






