«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Пирӣ фаро расид. Чӣ бояд кард?»- таҳти чунин унвон китоби навбатии узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, нависандаи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) нашр гардид.
Муаллифи китоб зимни суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «инсон ҳама чиро аз худ мекунад ба оҳистагӣ, ба фаҳми истифодаи ҳикмату таҷрибаи бардоштаи худаш мерасад ба оҳистагӣ, ба офаридгориву созандагӣ даст мезанад ба оҳистагӣ… Хуллас пирӣ баъзе чизҳои нодире дорад, ки синну соли дигар ва фаслҳои дигари умр надоранд…».
Муҳтавои китоби «Пирӣ фаро расидааст, чӣ бояд кард?» аз саргузаштҳо ва даркҳои инсонҳо дар охирин солҳои зистанашон қисса мекунад.
Ба қавли муаллиф, «пиронсолӣ низ як пораи умр аст, балки ҳосили умр ва ҳикмати умр, ки онро донистану фаҳмидан, хосса шаҳду талхиашро ба тасвир кашидан зарур аст».
Бояд гуфт, ки Абдурофеъ Рабизода (Шераки) Ориён узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ӯ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст.
Асарҳояш ба зиёда аз чил забони хориҷӣ тарҷумаю нашр гардидаанд, аз ҷумла ба англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, полякӣ, узбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва ғайра.
Филмҳои вай, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра имрӯзҳо маъруфу машҳур гардидаанд.
Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтика) соҳиби ҷоиза гардида буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивалҳои ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.
АКС аз бойгонии Шераки Ориё








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






