Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 10 майи соли 2024 дар мамлакат бештар аз 11 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 39 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат бунёду барқарорсозии 28 ҳазору 435 иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла 6 ҳазору 260 иншоот дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар вилояти Хатлон 2809 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба 45 фоизи нақшаи пешбинигардида баробар мебошад. Иҷрои нақша дар якчанд шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Кӯшониён аз ҳисоби миёнаи иҷрои нақша дар вилоят 38 фоиз, Ёвон 29, Ҷайҳун 23, Муъминобод 25, Кӯлоб 23, Данғара 25, Шамсиддини Шоҳин 34 ва Балҷувон 37 фоиз кам мебошад.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардидаанд, супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






