Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо: «Дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед, намунаи ибрат бошед, зеро мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд»

Май 25, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Пеш аз ҳама, худатон ташаббускору намунаи ибрат бошед ва фаромӯш накунед, ки мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд». Чунин изҳор доштанд дар суханронияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 25 май дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «шумо вазифадор ҳастед, ки мардумро сарварӣ кунед, мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинони шаҳру ноҳияҳоро сари вақт ҳал намоед».

«Ҳамаи шумо барои бартараф кардани камбудиҳое, ки 9 март дар мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён гардиданд ва нақшаи чорабиниҳои дар асоси он тасдиқшуда масъулияти шахсӣ доред. Зеро роҳбариву сарварии ин ё он шаҳру ноҳия ё ҷамоати шаҳраку деҳот ба зиммаи шумо гузошта шудааст. Ман дар суханронӣ дар рӯзи 9 март қариб тамоми масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, равандҳои номатлубу хатарнок барои сулҳу субот, оромиву осоиши мардуми мамлакат ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро баён намуда будам», афзуданд Сарвари давлат.

Инчунин дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд, Сарвари давлат як нуктаи муҳимро таъкид намуданд: «Шумо бояд дар ҳалли ин масъалаҳо пешсаф бошед, дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед. Сабақи талхи бетарафиро мардуми мамлакат ва аз ҳама зиёд сокинони вилояти Хатлон аз сар гузарониданд. Мову шумо бояд ҳамеша шукронаи сулҳу оромиро ба ҷо оварем, мардум, аз ҷумла ҷавононро ба роҳи дуруст ва ободкориву созандагӣ ҳидояту роҳнамоӣ намоем».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 25, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон