Президенти Тоҷикистон фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳоро яке аз масъалаҳои ташвишовар унвон намуданд

Май 30, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо аҳли илми мамлакат  аз сохтори Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он изҳори нигаронӣ ва таъкид намуданд, ки «сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми мамлакат мебошад. Имрӯз зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст».

Ба гуфти Сарвари давлат, «имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои бо ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».

«Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад. Баҳри таъмин намудани фаъолияти самарабахши онҳо, хусусан тавассути кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти нодаркор ва аз ин ҳисоб бо технологияҳои замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ бояд пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шаванд»,-чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвари давлат аз таҳлили ҳисоботи академия дар солҳои 2021 – 2023 ёдовар шуда, гуфт, ки «аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин ҳолати нигаронкунанда маҳсуб мешавад».

Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид