РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Сокинони шаҳри Хоруғ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамоянд

Май 14, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ бо  баргузории ҳамоиш ҳамовозиашонро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ барои эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки  ин рӯйдоди фараҳбахш аз ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати ташаббускор ва созанда дар ҳалли масъалаҳои мубрами башарият боз ҳам боло мебарад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди футбол, ки бозии рақами яки ҷаҳон эътироф гардидааст, тамоми имкониятро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо қабули «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ду марҳила — солҳои 2012-2016 ва 2017-2021 имконияти васеъ барои ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба футбол, таъмиру навсозии иншооти соҳа, ба майдон овардани истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон ва тавсеаи футболи касбӣ дар мамлакат фароҳам гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 30 толору майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Инчунин  то соли 2030 дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Май 14, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад