РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст

Май 25, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 май аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар гардида, дар рӯйхати рӯзҳо ва ҳафтаҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ҷой дода шуд. Аз ин лиҳоз пешниҳод карда мешавад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар мамлакат муайян менамояд, иловаи дахлдор ворид гардида, 25 май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешоҳанг ва ташаббускор шинохта шудааст, зеро ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазироӣ ва амалӣ карда мешаванд. Мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода дар робита ба ин андешаҳояшро иброз намуд.

— Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» варзиш рукни тарбияи ҷисмонӣ, соҳаи фаъолияти иҷтимоие аст, ки дар шакли таҷрибаи махсуси тайёрии инсон ба мусобиқаҳо ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст.

Яке аз намудҳои варзиш футбол мебошад. Солҳои охир ин навъи варзиш дар мамлакат рушд меёбад. Футбол аз навъҳои оммавитарини варзиш эътироф гардида, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, минҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа, аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини оммаи васеъ буда, механизми муҳим баҳри инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, хусусан миёни наврасон ва ҷавонон, инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба шумор меравад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали имсол дар муроҷиат ба Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла иброз намуданд: «Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбуди саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғул ҳастанд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовути иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд».

Бо назардошти ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон карда шавад.

Пешниҳоди навбатии ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар иртибот ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ин муносибат ҳамоиш ва роҳпаймоиҳо баргузор шуданд.

Ҳамин тариқ, 7 майи соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-ум пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд. Дар қатънома аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид гардидааст.

Эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид. Чунончи, дар нашрияҳои маъруфи давлати Покистон, хусусан рӯзномаи «Ғазнавӣ» бо забонҳои англисӣ ва урду 9 майи соли 2024 зери номи «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақола интишор ёфт, ки ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон- қабули Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст. Дар мақола  ташаббуси ҷаҳонии мамлакати мо шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳаммияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид шудааст. Ҳамчунин дар сомонаи интернетии маҷаллаи бонуфузи «Diva International»-и Женева таҳти унвони «Рӯзи ҷаҳонии футбол – ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд» мавод интишор шуд.

Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ барои рушди навъҳои гуногуни варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим таҷлили якчанд санаи байналмилалӣ муқаррар шудааст. Чунончи, 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш барои сулҳ ва рушд, 3 июн Рӯзи ҷаҳонии велосипед, 21 июн Рӯзи байналмилалии йога, 20 июл Рўзи байналмилалии шоҳмот, 21 декабр Рӯзи байналмилалии баскетбол ва амсоли инҳо.

Якчанд рӯзи иди байналмилалӣ мавҷуданд, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида, расман дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, 26 апрел Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, 15 май Рўзи байналмилалии оила, 6 июл Рўзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия, 10 декабр Рўзи ҳуқуқи инсон, 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон ва ғайра.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
АГАР ДУОИ МОДАР БОШАД, РОҲ РАВШАН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Модар