РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Зан ва об» баргузор мешавад

Май 30, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 10 то 13 июни имсол дар шаҳри Душанбе доир мегардад,   10 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Зан ва об» баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи конфронс 9 форум дар мавзуъҳои мухталиф ташкил гардида, вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳамчун ҳамташаббускорони ин форумҳо дар шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, агентиҳо ва созмонҳои минтақавию ташкилоти мамлакатҳои аъзо дар ин ҳамоишҳо баромад кунанд.

Форумҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои конфронс таъмин менамоянд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои мухталифи манфиатдор, аз қабили занон, ҷавонон, мардуми таҳҷоӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд.

Мубоҳисаҳои воқеӣ ва мубрам, хулосаҳо ва қарорҳо метавонанд ба кори конфронс ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 бо дарбаргирии чаҳорчӯби суръатбахшии ноил шудан ба Ҳадафи 6  ёрии самарабахш расонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид