Роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона масъалаҳои экологӣ ва тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Остона ҷаласаи 5-уми вазирон ва роҳбарони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар нишасти роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Чжан Минг, ҳайатҳои Ҳиндустон, Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон, Беларус ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода иштирок намуданд.
Дар нишаст роҳбарон ва намояндагони ҳайатҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай маъруза намуданд.
Инчунин дар нишаст масъалаҳо оид ба ба рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, идоракунии самараноки партовҳо, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






