РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Ашт бо маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашон роҳҳоро мумфарш намуданд

Май 29, 2024 19:09

СУҒД, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт бо бардошт аз мулоқоти   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 марти соли 2024) тасмим гирифтанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар ободонии маҳал сарф намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Занони деҳаи Гулшан ташаббус нишон дода, дар кори хайр саҳм мегузоранд ва ин амали худро садақаи ҷория медонанд. То имрӯз 7 км роҳи асосии деҳа мумфарш гардида, ин иқдом дар дигар деҳаҳои ноҳия низ идома меёбад.

Аҳолӣ 30 км роҳи деҳаҳоро мумфарш карда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад.

Ҳамзамон сокинони ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, ният доранд, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ беш аз 80 синфхонаи иловагӣ бунёд созанд.

Раиси вилоят иқдому ташаббусҳои наҷиби сокинонро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад.

Саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоӣ кори хайру савоб номида шуда, таъкид гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватанамонро бояд ободу зебо намоем.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 29, 2024 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд