Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба нақша гирифтааст, ки ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини таъйиноти кишоварзиро беҳтар намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки то аввали моҳи апрели имсол ҳолати мелиоративии 2156 гектар замин беҳтар гардонида шудааст.
Вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ дар айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барномаҳои давлатии соҳавии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкаши Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мавриди амал қарор доранд.
Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ- ин самаранок истифода бурдани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар 5 соли оянда беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ дар деҳот, лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»-ро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли равон тасдиқ гардид.
Дар доираи амалигардонии ин барнома вазъи мелиоративии 81 248 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






