«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Дар Ҷайҳун оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 май вохӯрии гурӯҳи кории доимамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоат, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ҷайҳун бобати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 доир гардид.
Гуфта шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон оид ба моҳияту маҳфуми маърифати ҳуқуқӣ иброз намуданд, ки шаҳрвандон бояд ҳуқуқҳои худро донанд, дониши ҳуқуқиашонро сайқал диҳанд, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавҷудае, ки давлат барои онҳо фароҳам овардааст, самаранок истифода кунанд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






