«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвози мустақим ба роҳ монад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Парвози нахустин аз Хуҷанд ба Урумчӣ 16 май ба роҳ монда мешавад. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба- рӯзҳои панҷшанбе ва дар самти баргашт рӯзҳои ҷумъа тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчӣ соати 21:00 ва аз Урумчӣ ба самти Хуҷанд соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Урумчӣ рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвозҳо анҷом медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамзамон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






