ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 май, якшанбе, 133-юмин рӯзи соли 2024
12 майи соли 2010 дар Мянма дар бозии давраи интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи «Озмоишгоҳҳои таҳқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
***
Соли 2010 Маркази фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 65-солагии Ғалаба шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед, дӯст бошем!»-ро баргузор намуд.
***
12 майи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара — 3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
12 майи соли 2018 дар «Кохи Борбад» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот намуданд.
***
12 майи соли 2015 Бонки рушди Осиё бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар-ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.
***
Соли 2012 аввалин ҷаласаи Шурои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
12 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Данғараи вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳоро доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки 10 — 11 май ба амал омада буд, шунида, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, ба мардуми зарардида кумаки саривақтӣ расонанд ва ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
***
12 майи соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вақти вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.
***
12 майи соли 2022 дар ҳошияи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфтанд.
***
12 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошканд қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
12 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.
***
Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.
***
Дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи армия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Барно Исҳоқова-соли 1927 -сароянда ва омӯзгор. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон