ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 май, сешанбе, 135-умин рӯзи соли 2024
14 майи соли 1992 Телевизиони Кӯлоб таъсис ёфт.
***
14 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Созишнома оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид.
***
14 майи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Ҳафтаи 5-уми маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Маориф бе марз» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 байни судҳои конститутсионии Тоҷикистон ва Арманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
14 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши кони ангишт дар наздикии шаҳри Сома, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуданд.
***
14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.
***
14 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории кишоварзӣ баргузор гардид.
***
14 майи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ба имзо расониданд.
***
14 майи соли 2019 дар Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ шуд.
***
14 майи соли 2020 машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай бори аввал дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.
***
14 майи соли 2021 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баҳри иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рушд бахшидани муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
***
14 майи соли 2023 бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии вилояти Хатлон ва ба гардишгарон дастрас шудани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ дар вилояти Хатлон 7 Маркази итттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд.
14 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Парагвай – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Беларус – Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ.