ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, ҷумъа, 138-умин рӯзи соли 2024
17 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ Латифа Ахарбаш мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ имконоти густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуд.
***
17 майи соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду давлат гуфтугӯи судманд доир шуд.
***
17 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 37 – уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор гардид.
***
17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Тайиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватра доир гардид.
***
17 майи соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Олмон, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
***
17 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
***
17 майи соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
***
17 майи соли 2023 дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
17 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.
***
Дар Нигерия Рӯзи конститутсия.
***
Дар Куба Рӯзи ислоҳоти кишоварзӣ.