ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Бо ин мақсад бо афсарону сарбозони ноҳияи Лахш вохӯрӣ доир шуд

Май 13, 2024 19:38

ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан ифтихори ҳар ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ буда, сокинонаш дар фазои тинҷиву осоиштагӣ зиндагӣ менамоянд, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Мо бояд меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангро талаб мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо  ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Ҳамзамон ба чанд афсару сарбоз барои хизматҳои шоён ва садоқат ба Ватан Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардид.

АКС:  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2024 19:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид