Тоҷикистон ва Покистон татбиқи мувофиқатҳои қаблан дар сатҳи олӣ бадастомадаро баррасӣ намуданд

Май 21, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба, татбиқи мувофиқатҳои қаблан дар сатҳи олӣ бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 21 май дар шаҳри Остона ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд