Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 май дар Остона Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазирон бо тавваҷуҳ ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо (3-4 июл, Остона) масъалаҳои ҷории рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба мавзуи такмили Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масъалаҳои рӯзномаи кунунии Созмони ҳамкории Шанхай бо тамаркуз ба авлавияти мамлакат дар созмон муаррифӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин аз раванди пешбурди масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо дар бораи татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, инчунин таъсиси механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо номгӯи ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои Шурои сарони давлатҳо, ҳисобот дар бораи фаъолияти Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай давоми сол ва лоиҳаи ҳисоботи дабири кулл дар бораи фаъолияти Созмонро тасдиқ карданд.
Дар ҳошияи ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхайро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай Қосим-Жомарт Токаев ба ҳузур пазируфт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






