35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи забҳи паранда ва фермаи парандапарварӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастгоҳ иттилоъ доданд.
Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шукрулло Мирзозода сохта мешаванд. Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 2 гектар буда, соҳибкор дар он сохтмони 5 сардхона, ду фермаи парандапарварӣ ва коргоҳи истеҳсоли ҳасиб аз гӯшти мурғро низ ба нақша гирифтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоти забҳкунанда аз хориҷи мамлакат харидорӣ гардида, дар он дар як соат зиёда аз 1200 сар мурғи гӯштӣ забҳ карда мешавад. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар коргоҳ 50 нафар занону мардон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Бинои асосии коргоҳ аз ҷойи қабули паранда, забҳхона ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 20 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони забҳхона шинос шуда, ба масъулин барои бо сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи имрӯза сохтани иншоот бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ дастуру супоришҳо дод.



Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстони ноҳия сохтмони бинои муолиҷавии Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад. Иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Гуфта шуд, ки бунёду ба истифода додани беморхонаи наву муосир тадбири муҳим баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» фаъолият мекунад, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи обрасонӣ барои ин пойгоҳ агрегатҳои наву замонавӣ харидора шуданд.
Ин тадбир дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ гардид.
Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-1» аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 11 дастгоҳи пуриқтидори обкашӣ мебошад. Ҳамасола барои таъмиру омодасозии дастгоҳҳои обкашии пойгоҳ ба мавсими киштукор маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. Тавассути ин пойгоҳ беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Навбаҳор обёрӣ карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






