ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД. Тоҷикистон то соли 2037 ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардад
ДУШАНБЕ, 13.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки шарикони рушд, аз ҷумла Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли, роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шурои миллии рушд ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба афзалияти минбаъдаи рушди Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда, иттилоъ доданд, ки давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд.
Ин ислоҳот тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявиро дар бар гирифта, ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи дуюми татбиқи стратегия қарор дорад.
Дар баробари ҳисобот оид ба дастовардҳои Ҳукумати мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омилҳои таъсиррасон ба раванд ва ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушд маълумот доданд.
Яке аз омилҳои таъсиррасон- ин тағйирёбии иқлим ва сар задани офатҳои табиӣ мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон бинобар ҷойгиршавии ҷуғрофӣ осебпазир аз офатҳои табиӣ ва ноилоҷ дар сар задани онҳо мебошад. Танҳо соли 2023 дар маҷмуъ, зиёда аз панҷсаду панҷоҳ офати табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва ярчу тармафароӣ сабт шуда, иқтисоди миллӣ қариб 100 миллион сомонӣ хисороти молӣ ва моддӣ дидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд иттилоъ доданд, ки «дар фасли баҳори соли 2024 боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд расониданд. Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад. Ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд. Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд имсол низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст».
Гуфта шуд, ки ҳар сол бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд, аммо ин маблағҳо ҳанӯз кофӣ нестанд.
Бо назардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти замин механизмҳои нави маблағгузорӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016 – 2025, инчунин Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023 – 2037-ро қабул намудааст, ки ба бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.
Дар ҷаласа Сарвари давлат зарурати идомаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро мувофиқ ба стратегияву барномаҳои қабулгардида таъкид намуда, вазифа гузоштанд, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба кишвари «сабз» табдил дода шавад.
Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, котиби масъули Шуро Завқӣ Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро муаррифӣ намуд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






