Ҷамолиддин Абдуллозода: «Ҳар рӯз дар ҷаҳон тақрибан 1000 нафар кӯдак аз бемориҳои бо об ва беҳдоштӣ вобаста мефавтанд»

Июнь 11, 2024 21:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Инчунин зиёда аз 2,4 миллиард нафар дар таъмини оби тозаи нӯшокии экологӣ мушкилӣ мекашанд. Ҳар рӯз тақрибан 1000 нафар кӯдак дар ҷаҳон аз бемориҳои бо об ва беҳдоштӣ вобаста мефавтанд. Ин рақамҳо зарурати фаврии ҳамкории байналмилалиро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои шашуми рушди устувор тақозо менамоянд. Чунин иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз дар ҷаласаи пленарии вобаста ба об барои саломатӣ, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор саҳми босазо гузорад. Новобаста аз захираҳои зиёди обии мамлакат тағйирёбии иқлим мушкилоти зиёд ба вуҷуд оварда, боиси норасоии об дар аксар минтақаҳо мегардад. Вазъи дастрасӣ бо об ва беҳтар намудани беҳдошт дар сатҳи деҳот нисбат ба шаҳр ташвишовар мебошад. Инчунин беҳтар намудани вазъи санитарию беҳдоштӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва маориф андешидани тадбирҳои дастҷамъона, қабули қарорҳои инноватсионӣ ва ҳамкории муассирро тақозо менамояд.

“Зиёд намудани маблағгузорӣ барои дастрасии бештар ба оби ошомиданӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар айни замон 9,67 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии солона, яъне тақрибан 55 миллион доллар барои оби ошомиданӣ ва низоми корезӣ ҷудо мегардад. Вале бо вуҷуди ин барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ҳамасола беш аз 200 миллион доллар зарур мебошад. Аз тарафи дигар, сатҳи ҷуброни хароҷот аз ҷониби корфармоёни хизматгузорӣ ба ҳисоби миёна 25 ё 30 фоизро ташкил медиҳад”,-гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвори он аст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои тандурустии байналмилалӣ барои мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида, дар ҳалли ин мушкилот чораҷӯйӣ намояд.

“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дастрасӣ ба ва беҳдошт ҳуқуқи асосии инсон мебошад ва бояд таъмини онҳоро дар барномаҳои давлатӣ дар мадди аввал гузорем. Ҳамзамон бояд дар хотир дошта бошем, ки беҳтар намудани инфрасохтори обу беҳдошт хати аввалини муҳофизати об ва паҳншавии муовимат бар зидди микроб, пешгирӣ аз бемориҳои дарунравӣ, ба монанди вабо, домана ва бар зидди сироятҳои дохили беморхонавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ба андешаи мо, вазоратҳои тандурустии саросари ҷаҳон ба беҳтар намудани инфрасохтори обу беҳдошт бо шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамкории боз ҳам судманд ниёз доранд”, — афзуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити инфрасохтори обу беҳдоштӣ дар муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар айни замон бо маром идома доранд. Дар ин самт якҷоя бо шарикони худ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мо баҳодиҳии систематикии шароити кунуниро дар саросари мамлакат анҷом додем ва стандарти наверо таҳия кардем, ки ба мо дар такмил додани инфрасохтори таъмини обу беҳдошт марҳила ба марҳила дар муассисаҳои тиббӣ барои таъмини сифати хизматрасонӣ ва бехатарии беморон кумак менамояд.

“Мо инчунин инфрасохтори таъмини обу беҳдоштиро ба нақшаи нави миллӣ оид ба муқовимати зиддимикробӣ ворид кардем. Дар якҷоягӣ мо метавонем таҳқиқоти муштарак, таъмир, банақшагирӣ мониторинг ва татбиқи ин лоиҳаҳоро гузаронем. Захираҳои заруриро ба самтҳои вобаста ба об ва солимӣ равон намоем”, -изҳори умедворӣ намуд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»