Ҷамшед Шоимзода: «Талабот ба об ҳамон тавре меафзояд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад»

Июнь 10, 2024 20:23

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон давоми 30 сол аҳолӣ ду баробар зиёд шудааст. Мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион шудем. Талабот ба об низ ҳамчунин меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ бунёд кунем, аммо дарёи нав сохта наметавонем. Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин тараққиёт нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёде вобаста ба об вуҷуд доранд, яке аз онҳо, ки ҳоло ҳамаи мо онро эҳсос мекунем- ин тағйирёбии иқлим аст», — гуфт имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми III минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода.

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мо тағйирёбии иқлимро тавассути об дар минтақаи худ 84% ва дар сатҳи ҷаҳонӣ 76% эҳсос менамоем.

«Ҳамаи ин ба Ҳадафҳои рушди устувор таъсир мерасонанд, ки барои ноил шудан ба онҳо мо бояд кӯшишҳоямонро беш аз 4 маротиба пурзӯр кунем. Барои ин абзори устувор дар сатҳҳои гуногун ва тасмимҳои фаврӣ зарур ҳастанд», — афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки аз соли 2000 сар карда, давлатҳои Осиёи Марказӣ принсипҳои идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои обро ҳамчун равиши банақшагирӣ ва идоракунии миллии захираҳои об ҷорӣ карданд. Давлатҳо ба таъсиси шуроҳои ҳавзавӣ барои ҷалби ҷомеа ва ҷонибҳои манфиатдор ба идоракунии захираҳои об шуруъ кардаанд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд ба фаҳмиши равиш нисбат ба идоракунии ҳавзаҳо ва нақши шуроҳои ҳавзаӣ бирасанд, ки ин сабаби ислоҳоти муҳим дар минтақа гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 20:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»